Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даст ба авбошӣ задани ҷавони 19-сола

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 27-уми майи соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Н.Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар даҳлези ошёнаи 11-ум қарор доштанаш ҷавони 19-солаи сокини пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, бо корд як маротиба аз тарафи чапи бадан ва як маротиба ба дасташ зарба зада, инчунин ӯро мавриди лату кӯб қарор додааст. 
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

29.05.2025 8:28
17