Ифшо шудани ҳолатҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар асоси фармоиши директори генералии ҶДММ “Камолот Тиҷорат” аз 2-юми сентябри соли 2024 ба ҳайси намояндаи тиҷоратӣ ба кор қабул карда шуда, дар давраи кории худ аз боварии роҳбарият ва шахсони масъулини ин ҷамъият суистифода намуда, ба азонихудкунӣ ва исрофкории молу мулки ба ӯ бовар карда, супоридашуда даст задааст.
Чунончи, ӯ аз моҳи апрел то моҳи майи соли 2025 зиёда аз 38 мағозаву фурӯшгоҳҳои ҳудуди шаҳри Душанбе, ки ба онҳо аз тарафи боркашони ҷамъият тибқӣ дархостҳои соҳибкорон ба маблағи умумии 192 ҳазору 952 сомониву 52 дирам аз анборхонаи ҶДММ “Камолот Тиҷорат”, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар асоси борхат маҳсулоти уребчаҳои гуногунҳаҷми кӯдакона дастрас шуда буданд, маблағи онҳоро давра ба давра ба миқдори умумии 188 ҳазору 252 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, маблағҳоро ба ҷамъият пардохт накарда, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки роҳбари шабакаҳои барқии шаҳри Ваҳдат, филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ марди 60-солаи сокини ноҳияи Варзоб, бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо дигар шахсони масъул дар давоми солҳои 2022-2024 бо мақсади тасарруфи маблағҳои буҷетӣ дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун шахси масъулияти моддӣ дошта, ба ҳисоби худ дар анбори шабакаҳои барқи шаҳри Ваҳдат, 37-номгуи молу маҳсулотҳои арзишдорро аз қабили трансформатор, ноқилҳо ва ғайраҳо расман қабул намуда, баъдан қисман онро ба маблағи 1 миллиону 318 ҳазору 759 сомонӣ, ки ба онҳо бовар карда супоридашуда дар ихтиёраш қарор дошт, тасарруф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди “б” қисми 4 моддаи 245 ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














