Ошкор шудани ҳодисаи дуздии молу маҳсулот
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ноболиғи 16-солаи сокини ноҳияи Спитамен, 27-уми марти соли 2025, тахминан соати 01:00, бо санг оинаи тирезаи мағозаи хӯроквории зани 37-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи мазкурро шикаста, аз он ҷо молу маҳсулотро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 12 ҳазору 254 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















