Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғ бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 63-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 26-уми майи соли 2025, тахминан соати 00:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Майяковский назди ошхонаи “Анситу” қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи ошкоро бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, аз ӯ ягон маблағи пулӣ дарёфт накарда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандрни милитсия ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

28.05.2025 8:22
14