Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ 

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони фаъолияти ғайриқонунии бонкӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда соли 2024 бо мақсади мардумфиребӣ таҳти роҳбарии “Бела” ном шаҳрванди хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суратҳисобҳои “Душанбе сити” ба боварии зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ  21 ҳазору 644 сомониро бо роҳи фиреб тасарруф намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

27.05.2025 8:45
17