Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбати зани 28-сола барои қаллобӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи апрели соли 2025 ҳангоми дар ҳудуди шаҳри Душанбе буданаш бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 26-солаи сокини пойтахт даромада, бо баҳонаи аз нуқтаи ломбард озод кардани тилловориҳояш ва ба тиҷорати он машғул будан, аз ӯ 47 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар давоми як рӯз маблағҳои гирифтаашро бо фоизаш 5 ҳазор доллари амрикоӣ бо пурраги бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Инчунин гумонбаршаванда соли 2024 ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор доштанаш бо роҳи фиреб ба бовари марди 27-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ дар 8 марҳила ба маблағҳои 157 ҳазору 158 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки маблағашҳояшро дар муддати кӯтоҳ бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои гирифтаашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















