Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ҷавони 21-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 14-уми майи соли 2025, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Б.Ғафуров бе ягон асос марди 54-солаи сокини шаҳри Бӯстонро мавриди лату кӯб қарор дода, аз дасти охирон як адад ҷувздон, ки дар дохилаш шиносномаи миллӣ, билети ҳарбӣ, корти тамғаи «Мир» ва як адад телефони мобилии тамғаи «Виво-33»-ро ошкоро ва бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

27.05.2025 8:39
13