Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронанда ва пиёдагард бар асари ҳодисаҳои нақлиётӣ

23-юми майи соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, Бобоев Наҷибулло Раҳматулоевич, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ҳисор, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Шайнаки Гадои ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Аҳмадов Маҳмадшариф Пирович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Аҳмадов М.П. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас карда шуда, дар онҷо ба ҳалокат расидааст. 
24-уми майи соли 2025, тахминан соати 20:23-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Айон», Алимардонов  Хуршед Ҷумаевич, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми  ҳаракат дар кӯчаи Н.Қарабоев аз  самти кӯчаи Ҷомӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Намозов Аминҷон Саминҷонович, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Рӯдакиро дар болои   гузаргоҳи пиёдагард пахш намуда, баъдан бо автомашинаи тамғаи «Мерседес», таҳти идораи ронанда Аслидини Илҳом, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Восеъ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Намозов А.С. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона дастрас гардида, баъдан ба  ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

26.05.2025 8:17
42