Ошкор шудани ду кирдори қаллобӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи декабри соли 2024 марди 33-солаи сокини шаҳри Душабе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиашро ба маблағи 60 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда, 450 ҳазор сомонӣ гирифта ба ӯ ваъда додааст, ки дар мудати се шабонарӯз ҳуҷҷатҳои хонаи истиқоматиашро ба номаш мекунад, аммо маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино аризаи марди 35-солаи сокини шаҳри Душанбе ворид гардидааст, ки моҳи январи 2025 марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ дар чанд марҳила автомашинаҳои гуногунтамға «Ранҷровер», «Тайота», «Мерседес-Бенс»-ро бо арзиши 16 миллиону 350 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, ваъда додааст, ки маблағашро то 20-уми марти соли 2025 бармегардонад, аммо то ҳол маблағи автомашинаҳои мазкурро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















