Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ҷавонзани 22-сола барои ташкили фоҳишахона ё даллагӣ 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона ё даллагӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда 19-уми майи соли 2025, тахминан соати 17:00, дар ҳудуди меҳмонхонаи “Салимбек”-и ноҳияи Ҷ.Расулов ба ҷавонзани 22 ва ҷавони 24-солаи сокинони ноҳияи Ҷ.Расулов барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, бар ивазаш 600 сомонӣ ҳамчун ҳаққи хизмат гирифтааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

26.05.2025 8:14
51