Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 27-сола бо гумони қасдан вайрон кардани автомашинаи шахси дигар 

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми майи соли 2025, тахминан соатҳои 05:00, “Сомон” ном шахс бо роҳи пинҳонӣ автомашинаи шахсиаш тамғаи “Тайота Камри”, ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, бо санг тирезаҳои пешу қафо, оинаҳои чапу рост, чароғакҳои пешу қафояшро шикаста ва рақами қайди давлатиаро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур содир намудааст. 
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

26.05.2025 8:10
18