Даст ба ғоратгарӣ задани ҷавони 19-сола
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми майи соли 2025 шахсони номаълум ҳангоми дар Боғи А.Дониш қарор доштанаш бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-13 про макс”-ро ошкоро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 19-солаи сокини пойтахт бо ҳамроҳии рафиқаш “Муҳаммад” ном шахс, содир намудаанд.
Барои дастгир кардани “Муҳаммад” ном шахс чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот давом дорад.
















