Боздошти марди 42-сола бо гумони қаллобӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки пеш бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 3-юми декабри соли 2014, бо роҳи фиреб ба боварии марди 54-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен даромада, аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматии 2-ҳуҷрагиро аз ошёнаи 5-уми сохтмонаш нотамом гирифта медиҳад, аммо то ҳол аз додани хона ва ҳуҷҷатҳои он саркашӣ намуда, маблағҳои бадаст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















