Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздии таҷҳизоти телефон ва чорво
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Восеъ муроҷиат намудааст, ки 14-уми майи соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, ҳангоми дар ҶДММ бозори “Корвон” қарор доштанаш, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ, 2-адад селофан, ки дар дохилашон таҷҳизотҳои телефонҳои мобилӣ буд дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда, 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин ба ШВКД дар ноҳияи Восеъ бо ариза пирамарди 77-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 18-уми майи соли 2025, тахминан соати 00:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш, 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 16 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷа гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ҷавони 24 ва марди 28-солаи сокинони ҳамин ноҳия содир намудаанд.
Ҳамин тариқ дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 34-солаи сокини ноҳияи Деваштич, 20-уми апрели соли 2025, тахминан соати 12:00, бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдони ҳуҷраи хоби хешовандаш зани 66-солаи сокини шаҳри Конибодом 40 ҳазор рубли русиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















