Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани зани 24-сола бо ҷурми тамаъҷӯӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Душанбе, 10-уми майи соли 2025, бо таҳдиди ошкор намудани маълумотҳои шаҳвонӣ оид ба ҳаёти шахсии  зани 30-солаи сокини пойтахт, инчунин дар бораи кирдорҳои ҷинояткоронаи ӯ хабар надодан ба мақомоти корҳои дохилӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ҷабрдида 30 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
22-юми майи соли 2025, номбурда ҳангоми гирифтани қисмати маблағи пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ дар кӯчаи Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

24.05.2025 8:14
22