Ҳалокати ронанда дар натиҷаи сабқати нодуруст
22-юми майи соли 2025, тахминан соати 13:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳокимшои Нозим, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Ҳанатроши ҷамоати деҳоти Деҳи-баланди ноҳияи мазкур ба сабқат баромада, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи ронанда Абдусаттори Ҷаббор, соли таваллудаш 1994, сокини ҳамин ноҳия бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Ҳокимшои Н. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони автомашинаи мазкур Идиев Холмурод Худоиназарович, соли таваллудаш 2001, Раҳмонзода Меҳриддин Маҳмадали, соли таваллудаш 2003, Бозорова Раҷабгул Маҳмадалиевна, соли таваллудаш 1991 ва ноболиғ Ғолибшои Ёқубшо, соли таваллудаш 2021, сокинони ноҳияи Муъминобод ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.