Таассуроти хотирмони меҳмонон аз дастовардҳои замони истиқлол
22-юми майи соли 2025, бо роҳбаладии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ҳайати Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятӣ аз ҳисоби Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бо роҳбарии муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон Алиакбар Пурҷамшедиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд, аз ҷойҳои таърихӣ ва тамошобоби пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе дидан намуданд.
Меҳмонон бо табиати зебо, ҷойҳои таърихӣ ва хиёбону гулгаштҳои шаҳри Душанбе шиносоӣ пайдо намуда, аз рушду ободӣ ва дастовардҳои замони истиқлол таассуроти хотирмон бардоштанд.
Сипас, муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо роҳбари ҳайати Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятӣ аз ҳисоби Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамзамон муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон Алиакбар Пурҷамшедиён ва ҳамроҳонашро то фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе гусел намуд.
Зимни суҳбати кӯтоҳ, ки дар толори фурудгоҳ баргузор гардид, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои ду мақомоти ҳамзабону ҳамфарҳанг боз ҳам тақвият хоҳанд ёфт.
Гул Маҳбуба