Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғарқ шудани автомашина дар дарёи Панҷ

20-уми майи соли 2025, тахминан соати 18:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи мусофиркашонии тамғаи “Тойота-Ландкрузер”, Гулзоров Ҳаким Хушқадамович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хоруғ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хоруғ ба самти шаҳри Душанбе бо 6 нафар мусофирон дар 417 километри шоҳроҳи “Қулма-Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб”, воқеъ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ ҳаракат карда ба дарёи Панҷ чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда ва мусофири автомашинаи мазкур Саркоров Фарид Душанбиевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Хоруғ аз дохили автомашина баромада, дар беморхона бистарӣ гардида, дигар мусофирони дохили автомашинаи мазкур, ноболиғ Саркоров Акрам Фаридович, соли таваллудаш 2016, Почоева Ашула Мирзошоевна, соли таваллудаш 1971, наберааш Маҷнунов Муиз Маҷнунович, соли таваллудаш 2024, Афзалхонова Мадина, соли таваллудаш 1992, ва писараш Айналишоев Нуралишо Пайравович, соли таваллудаш 2015, сокинони шаҳри Хоруғ дар об бо автомашина ғарқ шудаанд.
Барои муайян ва дарёфт намудани ҷасадҳои мусофирон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома доранд. 

 

22.05.2025 8:40
95