Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 42-сола барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 42-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Эраҷ-У»-и ноҳияи Мастчоҳ бо гумони вайрон кардани қоидаҳои меъёрҳои истифодаи қувваи барқ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда моҳи ноябри соли 2024 бидуни гирифтани шартҳои техникӣ ва иҷозати пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бе иҷозат ва худсарона трансформатори барқӣ васл намуда, онро ба низоми барқии ШТБ-и ноҳияи Мастчоҳ пайваст карда, барои фаъолияти обкашии чоҳи амудии хоҷагии деҳқониаш бе бақайдгирӣ ва қабули асбобҳои баҳисобгирии масрафи барқ аз қувваи барқ истифода намуда, маблағи онро пардохт накардааст.
Дар асоси санади мутахассисони Раёсати назорати давлатии энергетикии вилояти Суғд сарфи қувваи барқ аз ҷониби гумонбаршаванда аз рӯи иқтидори муқарраршудаи қабулкунандаи ҷараён ва миқдори соатҳои кории муштарӣ 171 ҳазору 933,7 киловатро ташкил дода, маблағи 42 ҳазору 409 сомниву 56 дирамро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо иловаи 1 қисми 1 моддаи 253 ва қисми 1 моддаи 334 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

22.05.2025 8:40
44