Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифшо шудани дуздии телефон ва маблағ 

Ба ШВКД дар шаҳри Хоруғ аризаи зани 56-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми апрели соли 2025, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар дохили воситаи нақлиёти мусофиркашонии ҶДММ “Бидурд” №1 қарор доштанаш шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Techo-Spark 8C”-ро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
2-юми майи соли 2025, шахси номаълум аз телефони мазкур тавассути ҳамёни электронии “Амонатмобайл” ва “Душанбе-Сити”  маблағи 3 ҳазору 548 сомониро тасарруф кардааст. 
Зарари расонидашуда 4 ҳазору 548 сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 18-солаи сокини шаҳри Хоруғ бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд.  
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

22.05.2025 8:40
18