Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Хадамот: Алихон Рустам - полковники милитсия, 9-уми апрели соли 1977 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ оли ҳуқуқӣ, соли 1998 Мактаби олии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2017 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ:  аз соли 1994.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШКД Ҳукумати ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе, муфаттиши калони шуъбачаи тафтишотии ҷиноятҳои нокушодаи солҳои пешини РВКД дар шаҳри Душанбе, муовини сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Турсунзода, муовини сардори Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Душанбеи РМЗҶМ Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода, сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода, сардори ШВКД дар ноҳияи Хуросон.
Алихон Рустам 7-уми июни соли 2024 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, фаъолият намуда истодааст.
Мавсуф барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва нишон додани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо мукофоти давлатӣ - медали “Ҷасорат” сарфароз гардонида шудааст.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

03.07.2024 13:31
680