Шурои ҷамъиятӣ дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раис: Ятимзода Ҳотам Акрам – полковники мустаъфии милитсия, 6-уми марти соли 1960 дар ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии омӯзгорӣ.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1993.
Дар тӯли фаъолияти хизматӣ дар вазифаҳои зерин кор кардааст: милитсионери Ҳушёрхонаи тиббии шаҳри Душанбе, нозири минтақавии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, нозири калони Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ, сардори шуъбаи хизмат ва баъдан муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 29 ноябри соли 2019 ба нафақа баромадааст.
Аз 23 январи соли 2025 бо Фармоиши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шурои ҷамъиятӣ дар назди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, фаъолият намуда истодааст.
Ятимзода Ҳотам Акрам ҳамзамон аз 25 сентябри соли 2022 дар деҳаи Хуҷамарди ноҳияи Файзобод ҳамчун Раиси маҳаллаи мазкур кору фаъолият намуда истодааст.
Зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2015 ба медали «Хизмати шоиста» ва як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.


















