Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сардори Раёсат: Насриддинзода Собир Рамазон - полковники милитсия, 25-уми октябри соли 1985 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олии техникӣ ва олии ҳуқуқӣ, соли 2007 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва соли 2019 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 2008.
Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Аз он ҷумла, муҳандис-иқтисодчии Шуъбаи техникӣ-назоратии Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳандис-иқтисодчии калони Шуъбаи техникӣ-назоратии Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳандис-иқтисодчии калони Шуъбаи техникӣ-назоратии Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Шуъбаи техникӣ-назоратии Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори раёсат - ӯ низ сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
15-уми июни соли соли 2020 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Собир Рамазон ба вазифаи сардори Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардида, фаъолият намуда истодааст.
Мавсуф барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва нишон додани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо мукофоти давлатӣ - медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Ҳамчунин аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳо қадрдонӣ гардидааст.

03.07.2024 13:32
443