Хизматрасонии Нуқтаи сайёри милитсия ба аҳолии деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷ. Расулов
Нуқтаи сайёри милитсияи ба шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд вобастагардида, 19-уми май хизматрасонии навбатии худро ба аҳолии деҳаи Зарафшони ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷ. Расулов анҷом дод. Микроавтобуси хизматӣ дар саҳни МТМУ №12 воқеъ дар ҷамоати мазкур ба аҳолӣ хизматрасонӣ намуд. Дар ҳайти гурӯҳи корӣ нозирони шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, котибот, хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ, шуъбаи ташхиси криминалистӣ, хадамоти огоҳонии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон шомил буданд. Гурӯҳи кориро сардори ШҲТҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Далер Гардишзода роҳбарӣ менамуд. Ҳамчунин роҳбарияти шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ. Расулов, шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва нозири минтақавии милитсияи деҳаи мазкур майори милитсия Насим Бобоев иштирок доштанд.
Пеш аз тавассути Нуқтаи сайёри милитсия гузаронидани реҷаи кории қабули шаҳрвандон, вохӯрии ҳайати корӣ бо сокинони деҳа баргузор гашт. Сардори ШҲТҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Д. Гардишзода дар баробари муаррифии ҳайати гурӯҳи корӣ самтҳои фаъолият ва мақсади Нуқтаи сайёри милитсияро ба аҳолӣ фаҳмонид. Аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда шуд, ки дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ободии Ватан саҳмгузор бошанд ва кӯмаку ёрмандии худро бо тадбиқкунандагони барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дареғ надоранд. Дар рафти суханронӣ имкониятҳои рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо мисолҳои воқеъӣ таъкид рафта, намояндаи МКД вобаста ба тағйироти қонунгузорӣ дар самти истифодаи ғайримақсадноки нерӯи барқ ба иштирокчиёни чорабинӣ маълумот дод. Ҳамчунин вобаста ба хизматрасонии нозири минтақавии милитсияи деҳаи мазкур назари сокинон шунида шуд. Зимни мулоқот сокинон аз фаъолияти нозири минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсияро усули бозҳам наздиксозандаи робитаи милитсия бо ҷомеа унвон карданд.
Дар идома нозири минтақавии деҳаи Зарафшон майори милитсия Насим Бобоев вобаста ба вазъи криминогении минтақаи хизматӣ дар давраи сипаришудаи соли 2025 ба сокинон ҳисобот дод. Маърузаи ҳисоботии нозири минтақавии милитсия фарогири вазъӣ ҷинояткорӣ, корбари ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои хизматрасонии нозири минтақавӣ иборат буд.
Баъдан фаъолияти Нуқтаи сайёри милитсия дар саҳни бинои муассисаи таълимӣ ҷиҳати қабули муроҷиати шаҳрвандон оғоз ёфт. 6 муроҷиат вобаста ба ҳаёти рӯзмарраи сокинони ин деҳаи аз маркази ноҳия дур ҷогиршударо кормандони милитсия қабул намуданд, ки на ҳамаи онҳо ба фаъолияти хизматии кормандони МКД алоқаманд буд. Дар баробари оид ба таъминоти оби полезӣ ва нушокӣ, хизматарсонии шабакаҳои барқ, номгузории кӯча бо аломатгузории хонаҳо, ободии роҳҳои нақлиётгард, ҳамзамон сокинони деҳа вобаста ба самти фаъолияти милитсия танзими қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, гузоштани аломатҳои дастурдиҳандаю маҳдудкунанда, гузаргоҳи пиёдагард ва самти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои шахсиву ҳавлидорӣ ба гуруҳи корӣ муроҷиат карданд. Муроҷиатҳои воридгардида дар муҳлати муқарраршуда баррасӣ ва ба шаҳрвандон ҷавоби хаттӣ пешниҳод карда мешавад. Дархосту пешниҳоди шаҳрвандон, ки ба фаъолияти МКД алоқаманди надорад аз мадди назар дур намонда ба мақомотҳои ваколатдор ҷиҳати корбарӣ ва расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандон ирсол карда хоҳад шуд.
Ёдрас менамоем, ки Нуқтаи сайёри милитсия микроавтобуси махсуси хизматии тамғаи «Газел-Некст» ҳуҷраи кориест, ки дар доираи Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 барои шунидани арзу шикоят, таклифу пешниҳод ва дархостҳои аҳолӣ пешбини шудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия