Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак 

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони иҷрои номатлуби уҳдадорӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии кӯдак дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда аз моҳи майи соли 2023 дар кӯдакистони хусусии ҶДММ “Саволу ҷавоб”, бе фармон дар вазифаи ёрдамчии мураббӣ кору фаъолият намуда, муддати 120 рӯз ғайриқонунӣ дар вазифаи мазкур уҳдадориҳои онро иҷро намудааст.
Баъдан 1-уми сентябри соли 2024, дар асоси фармони роҳбари кӯдакистони мазкур гумонбаршаванда ба ҳайси муаллимаи кӯдакистони мазкур таъин гардида, аз моҳи апрели соли 2025 ба вазифаи мураббии гурӯҳи хурдсолони то 3 сола шифоҳӣ таъин гардида, 19-уми майи соли 2025, тахминан соати 13:05-дақиқа, ҳангоми иҷрои уҳдадорӣ ҳамчун мураббӣ хунукназарона рафтор намуда, талаботи банди 8-уми реҷаи рӯз барои гурӯҳҳои синну солашон гуногун дар муассисаи таҳсилоти томактабии “тайёрӣ ба хоби рӯзона”-и қоидаҳо ва меъёрҳои санитариро вайрон намуда, гумонбаршаванда дар вақти хоби кӯдакон онҳоро танҳо гузоштааст, ки дар натиҷа аз беэҳтиётӣ писарбачаи 2-солаи сокини пойтахт аз ошёнаи 2-юми рахти хоб афтида, аз гарданаш дар панҷараи рахти хоб овезон шуда ба ҳалокат расидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

21.05.2025 8:48
462