Дастгир гардидани марди 40-сола бо ҷурми қаллобӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 26-уми декабри соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 50-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, худро ҳамчун соҳибкори муввафақ муаррифӣ намуда, автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-221”-ро, бо арзиши 125 ҳазор сомонӣ ба насия гирифта, автомашинаи мазкурро ба дигар нафар фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Инчунин гумонбаршаванда моҳи декабри соли 2024, бо роҳи фиреб ба боварии марди 43-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, худро ҳамчун соҳибкори муввафақ муаррифӣ намуда, автомашинаи тамғаи “БМВ Ф-10”-ро, ки арзишаш 190 ҳазор сомонӣ мебошад, ба насия гирифта, аз он ба ҷабрдида 88 ҳазору 400 сомониашро дода, боқимонда 101 ҳазору 600 сомониашро дар муҳлати 7 шабонарӯз медиҳам гуфта, автомашинаи мазкурро ба дигар нафар фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.