Баргузории марҳилаи дуюми курси омӯзишӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ
19-уми майи соли 2025 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар бинои Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисон аз Ҷумҳурии Туркия курси омӯзишӣ оид ба роҳу усулҳои муайян ва ошкор намудани ҷиноятҳои киберӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуд.
Дар маросими кушодашавии чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло, муошвири Департаменти Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷаноби Мирослав Миллоевич, мушовири Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дениз Озаслан иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур то санаи 23 майи соли 2025 идома ёфта, дар назар аст, барои иштирокчиён сертификатҳо оид ба хатми курси омӯзишӣ тақдим карда шавад.