Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати пиёдагарди шахсияташ номаълум дар садамаи нақлиётӣ

18-уми майи соли 2025, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Лексус», Сафаров Баҳрулло Абдусатторович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат аз самти терминали мусофиркашонии «Сафар К»-и шаҳри Бохтар ба самти маркази шаҳри мазкур ҳангоми расидан дар назди маркази дилхушии «Панҷшер»-и шаҳри Бохтар, пиёдагард марди тахминан 30-35-соларо пахш намудааст. 
Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ  ба ҳалокат  расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

20.05.2025 8:21
32