Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду ҳолати қаллобӣ вобаста ба хариду фурӯши автомашина

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Исфара бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 31-уми марти соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 30-солаи сокини шаҳри мазкур даромада,  худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ муаррифӣ намуда, бо баҳонаи харидорӣ намудани меваи хушк ва дар оянда ба Федератсияи Россия бурдан, аз ӯ 3 миллион рубли русӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳури Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, моҳи декабри соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи «БМВ Ф-10»-ро ба маблағи 190 ҳазор сомонӣ ва аввалҳои соли 2025 1-адад автомашинаи тамғаи «Тайота Каролла Версо»-ро ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

20.05.2025 8:17
38