Ифшо шудани ҳолати азонихудкунии маблағ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини шаҳри Турсунзода муроҷиат намудааст, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ гушти мурғро тариқи ғайринақдӣ қабул карда, бо мақсади ба даст овардани маблағи калони пулӣ ба мағозаҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нисбатан арзонтар фурӯхта, маблағҳои ба дастовардаашро азони худ карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Дар натиҷа, ба ҷабрдида 78 ҳазор сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.