Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 29-сола бо ҷурми ғоратгарӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 19-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми майи соли 2025, тахминан соати 20:00, ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Сино қарор доштанаш, шахси номаълум бо  роҳи  зӯроварӣ ва ошкоро аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “VIVO”, ки арзишаш 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 29-солаи сокини шаҳри Панҷакент содир намудааст. 
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

20.05.2025 8:10
15