Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Эрон Алиакбар Пурҷамшедиён

20-уми майи соли 2025 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Роҳбари ҳайати Гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва амниятӣ аз ҳисоби Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамзамон муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари мазкур Алиакбар Пурҷамшедиён ва ҳамроҳонаш баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар ҷодаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини амният ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотимаи вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушду нумуъ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният, роҳҳои мубориза бо терроризму ифротгароӣ, инчунин, қочоқи воситаҳои нашъадор ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои киберӣ изҳори боварӣ намуданд.

20.05.2025 11:46
156