Сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуд
19-уми майи соли 2025, тахминан соати 16:42-дақиқа дар натиҷаи расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар сехи хурди барқтаъминкунии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 50 метри мураббаъ сӯхтор ба амал омадааст.
Аз тарафи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ ва Раёсати ХДО дар шаҳри Душанбе сӯхтор сари вақт хомӯш карда шуда, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.