Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории курси омӯзишӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ

12-16-уми майи соли 2025 дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 дар бинои Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе бо ҷалби мутахассисон аз Ҷумҳурии Туркия курси омӯзишӣ оид ба роҳу усулҳои муайян ва ошкор намудани ҷиноятҳои киберӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо дастгирии ташкилоти байналмилалии Агентии ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсози Туркия (ТИКА) баргузор гардид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Туркия дар Тоҷикистон ҷаноби Умут Аҷар, Директори Агентии ҳамкориҳо ва ҳамоҳангсози Туркия (ТИКА) ҷаноби Ибраҳим Этҳем Унал, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло ва мушовири Департаменти Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе ҷаноби Мирослав Милоевич сертификатҳо оид ба хатми курсҳои махсус тақдим карда шуд.

19.05.2025 18:54
50