Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётии марговар дар роҳҳои кишвар 

16-уми майи соли 2025, тахминан соати 17:30-дақиқа, ронандаи мотороли барқии боркаш, таҳти идораи Сироҷиддинов Дӯстмурод Ҳабибуллоевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ваҳдат, бо ҳамроҳии Сайдалиев Ҳусейн Маҳмуродович, соли таваллуда 1967, сокини шаҳри мазкур дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат бо бордони пур аз алаф аз уҳдаи идораи воситаи мотороли барқӣ набаромада, ба қисмати рости роҳ баромада, онро чаппа кардаанд.
Дар натиҷа, худи ронанда Сироҷиддинов Д.Ҳ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофираш Сайдалиев Ҳ.М. аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
17-уми майи соли 2025, тахминан соати 15:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Файзуллозода Султоншо Сайфулло, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Восеъ, зимни ҳаракат аз самти ноҳияи Восеъ ба самти шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ба ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ расиданаш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи тамғаи “Хундай Портер”, таҳти идораи Зуҳуров Муҳаммад Алиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи мазкур, ки мехост ба тарафи чапи роҳ гузарад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Юсуфҷони Шералӣ, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
17-уми майи соли 2025, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи ”Мерседес-Актроса”, Воҳидов Абдураҳим Ҳасанович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе дар шоҳроҳи “Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Қулма” дар километри 280, воқеъ дар наздикии деҳаи Яхчи-Сори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Панҷ афтида, дар об ғарқ шудааст.
Барои дарёфт намудани ҷасади ронанда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
18-уми майи соли 2025, тахминан соати 01:00, Зокиров Ғайратшо Давлатович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Дарвоз, ки дар ширкати “Чайна-Роуд” ба ҳайси ронанда кор ва фаъолият мекард, ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёташ тамғаи “JAC-Пикап”, ки ба ширкати мазкур таалуқ дорад, дар километри 397 шоҳроҳи “Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи роҳи мошингард ба дарёи Панҷ афтида, дар об ғарқ шудааст. 
Барои дарёфт намудани ҷасади ронанда чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома дорад.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

19.05.2025 16:47
35