Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои азонихудкунии маблағ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 33-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар вазифаи намояндаи тиҷоратии шуъбаи фурӯши ҶДММ “Афзалият Групп” кор ва фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кории худ маблағҳои фурӯши уребчаҳои тамғаи “Комфорт бейби”, ки арзишашон 282 ҳазору 474 сомониро ташкил медиҳад, азони худ намуда ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи чиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Конибодом, ки аз 9-уми сентябри соли 2024 то инҷониб дар маркази тиҷоратии «Мерос», воқеъ дар шаҳри Конибодом ба сифати хазинадор кор карда, бо маслиҳати пешакӣ бо дигар шахсони маркази тиҷоратӣ, аз маблағҳои маҳсулотҳои ба фурӯш рафтаи маркази тиҷоратӣ ҳамаруза аз 200 то 2000 сомонӣ маблағи пулии нақдро аз хазина азони худ намуда, ба манфиати худ сарф намудааст, ки ба соҳибмулк марди 45-солаи сокини шаҳри мазкур аз 1 миллион сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

















