Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқаи футболи хурд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии Футбол

Тавре ҳамагон хуб медонем, 25-уми майи соли 2024 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои узв нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии Футболро таҷлил намуданд, ки он бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардида буд, ки аз ин пас ҳамасола дар саросари ҷаҳон, хосатан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин рӯз бо шукўҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Имсол низ ба хотири сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷаҳонии футбол, 17-уми майи соли равон, бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва шаҳрвандони саховатпешаву ватандӯсти ин ноҳияи зебоманзари ҷумҳуриамон миёни наврасону ҷавонони ноҳияи Ховалинг мусобиқаи кушоди шахсӣ-даставӣ оид ба футболи хурд байни наврасону ҷавонони ноҳияи Ховалинг таҳти шиори «Ҷавонон нерӯи созанда» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 12 даста аз муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ, коллеҷи тиббӣ ва Гимназияи шаҳраку ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи мазкур бо ҳам бозӣ намуда, варзишгарони дастаҳо барои ишғоли ҷойи аввал ва ба даст овардани ҷоми мусобиқа аз худ чусту чолокӣ ва маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Ҳар дастае, ки аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода ба ҳарифи худ дастболо мегардид, ба даври нимниҳоӣ аз ҷумла дастаҳои МТМУ №4 бо дастаи МТМУ №16 ва дастаи МТМУ №23 бо дастаи МТМУ №9 баромада, барои ба даст овардани ғолибият бо ҳам сабқат намуданд.
Ҳамин тавр пас аз рақобатҳои зиёд ва натиҷагирии доварони мусобиқа ҷойи якум насиби дастаи хонандагон МТМУ №9 гардид, дар зинаи дуюм бошад тими футболбозони МТМУ №16 қарор гирифта, ҷойи сеюмро дастаи футболбозони МТМУ №23 соҳиб шуданд.
Мутобиқи нишондодҳои доварон дар ин мусобиқа дарвозабони беҳтарин Шарифбеки Давлатхуҷа, нишонзани беҳтарин Одинашо Амиршоев, ҳамлагари беҳтарин бошад Раҷабалӣ Шарипов, бозингари беҳтарин дар ин мусобиқа Алишери Рамазон ҳисобида шуданд.
Дар интиҳои ин мусобиқаи футболи хурд, ки таҳти шиори «Ҷавонон нерўи созанда» доир гардид ба варзишгарон Ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Р.Илёсзода
Т.Латипов

17.05.2025 21:57
16