Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусобиқа оид ба шашкаву шоҳмот дар ноҳияи Ховалинг

Бо дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду нумуи соҳаи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ барои варзишгарони тоҷик ва ҳар як шаҳрванде, ки хоҳиши ба варзиш шуғл намуданро дорад, тамоми шароиту имкониятҳои беҳтарини варзишӣ муҳайё гардидааст.
Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баҳри тарбия намудани варзишгарони касбӣ ва дар арсаи байналмилалӣ бо ғолибиятҳои пай дар паяшон, ки миёни дигар кишварҳои ҷаҳон парчамбардорони Ҷумҳурии Тоҷикистон мегарданд, тамоми имкониятҳоро равона намудаанд.
Рӯзи 17-уми майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ибтикори роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва шахсони саховатпешаву ватандӯсти ин диёр, бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи шашкаву шоҳмот байни наврасону ҷавонон барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳти шиори «Ҷавонон нерӯи созанда» баргузор гардид.
Дар мусобиқаи мазкур ҷавонписарону ҷавондухтарон, инчунин наврасони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 1, 4, 6, 16, 18, 19, 23, 31 ва Коллеҷи тиббии ноҳияи мазкур миёни ҳам рақобат намуда, барои гирифтани зиннаи аввал аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон доданд.
Мусобиқаи шашкаву шоҳмот дар се давр доир гардида, дар он зиёда аз 40 нафар варзишгар ва беш аз 100 нафар ҳаводорон иштирок намуда, ҳар як иштирокчии ин сабқат бо ба даст овардани ғолибият кӯшиш мекард бар ҳарифи дигари худ дастболо гардад.
Инак дар даври ниҳоӣ дар мусобиқаи шашка миёни ҷавонписарон ҷойи якумро Маҳмадхуҷа Эмомалӣ, хонандаи МТМУ №4, ҷойи дуюмро бошад Судуров Сиёвуш, хонандаи МТМУ №1 ва ҷойи сеюмро Абдурасули Соҳиб, хонандаи МТМУ №34 ишғол намуданд.
Дар мусобиқаи шоҳмот бошад, миёни ҷавонписарон ҷойи якумро Муқанаи Қурбоналӣ, ҷойи дуюмро Эмомалии Раҳмоналӣ ва ҷойи сеюмро Исмоил Қурбонов хонандагони Гимназияи ноҳияи мазкур сазовор гардиданд.
Миёни ҷавондухтарон бошад, дар мусобиқаи шашка сазовори ҷойи аввал хонандаи МТМУ №31 Судоба Ғаюрова, ҷойи дуюмро бошад, хонандаи МТМУ №4 Парвина Искандарова ва ҷойи сеюм насиби хонандаи МТМУ №1 Нозияи Саид гардид.
Дар мусобиқаи шоҳмот миёни ҷавондухтарон ҷойи якумро хонандаи мактаби варзишӣ Сабрина Латипова, ҷойи дуюмро хонандаи МТМУ №2 Фотима Балхиева ва ҷойи сеюм насиби хонандаи МТМУ №4 Маҳбуба Сафарова гардид.
Р.Илёсзода
Т.Латипов

17.05.2025 21:40
37