Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи  нақлиётии марговар

15-уми майи соли 2025, тахминан соати 21-30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Камри”, Рустами Аъзам, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Темурмалик ба самти ноҳияи Восеъ дар шоҳроҳи ҳудуди деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ аз уҳдаи идораи автомашина набаромада ба канори рости роҳ баромада дар заминҳои пахтазор чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Латифов Сайдаброр Аъзамович, соли таваллудаш 1986, Латифов Аъзам, соли таваллудаш 1949, сокинони ноҳияи Муъминобод, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур Солиев Шоҳрух Фарҳодович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Кӯлоб ва Назаралии Сафарали, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Муъминобод, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, худи ронанда Рустами А. дар онҷо ба ҳалокат расидааст. 
16-уми майи соли 2025, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-2107», Абдулакимов Асомиддин Абдуллоевич, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми дар кӯчаи Ҷ.Турабекови ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи мазкур ба қафо идора намудани воситаи нақлиёташ хурдсол Давлатов Нурмуҳаммад Ғуфронҷонович, соли таваллудаш 2024, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро, ки дар роҳи мошингард қарор доштааст, ба қисми қафояш пахш намудааст. 
Дар натиҷа, хурдсол Давлатов Н.Ғ. аз ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

17.05.2025 8:19
22