Ифшо шудани кирдорҳои қаллобӣ бо истифода аз боварӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи марти соли 2024, дар кӯчаи Ҷ.Расулови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе марди 27-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 90 ҳазор доллари амрикоиро барои тиҷорат гирифта, ваъда додааст, ки онҳоро дар муддати кутоҳтарин бармегардонад.
Гумонбаршаванда маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсии худ сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Инчунин ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи Шаҳритус муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2024 “Шаҳбоз” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ як адад автомашинаи тамғаи “Тайота Ланд Крузер”-ро ба маблағи 460 ҳазор сомонӣ харидорӣ намуда, ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ маблағашро медиҳад.
Гумонабаршаванда ба садама дучор шуда, автомашинаи мазкурро ба гарав гузошта, маблағашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Ваҳдат бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Ҳамин тариқ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи зани 59-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки тахминан моҳи июни соли 2024, марди 48-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар се марҳила 350 ҳазор сомонӣ гирифта ваъда додааст, ки аз бинои баландошёна, воқеъ аз маркази ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқомати харидорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад.
Гумонбаршаванда маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, онҳоро то ҳол барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.















