Ошкор шудани авбошии марди 41-сола
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 41-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 15-уми майи соли 2025, тахминан соати 22:00, язнааш марди 41-солаи сокини шаҳри Душанбе дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Чавлибоии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хоҳараш зани 38-солаи сокини ҳамон ҷоро бе ягон асос лату кӯб карда, бо корд як маротиба дар дасташ ва як маротибаи дигар дар пӯшташ зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.