Ҳалокати ду мусофирзан дар садамаи нақлиётӣ
15-уми майи соли 2025, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ Ф-10», Қурбонов Нодиршо Нуралиевич, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Такфони ноҳияи Айнӣ, дар 91 километри шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи чапи роҳ баромада, ба ҷарии тахминан 250 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Барская Божения Сергеевна, соли таваллудаш 2001 ва Ипати Марина Генадевна, соли таваллудаш 1995, сокинони шаҳри Душанбе, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.