Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ноболиғи 16-сола барои қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ аризаи марди 42-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки 14 майи соли 2025, тахминан соати 12:30-дақиқа, “Юсуф” ном шахс дар майдончаи варзишии МТМУ №125-и ноҳияи Рӯдакӣ бе ягон асос бо корд як маротиба ба қисмати чапи қафаси синаи писари ноболиғи 16-солааш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 16-солаи сокини ҳамин ноҳия содир намудааст.  
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

16.05.2025 8:12
21