Сарбози паҳлавон
11-уми майи соли 2025 дар деҳаи Чилчаи ноҳияи Темурмалик мусобиқаи гӯштини миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо иштироки паҳлавонони номдори кишвар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Дар ин мусобиқа сарбози Баталиони фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаторӣ Ризоев Шодмон Амируллоевич аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, моҳирона бар рақибони худ аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав гардид.
Мавриди қайд аст, ки сарбози мазкур якчанд рӯз пеш низ дар мусобиқаи гӯштини миллӣ дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик иштирок намуда, соҳиби Шоҳҷоиза гардида буд.