Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин – муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин – полковники милитсия, 31-уми октябри соли 1978 таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Маълумоташ олии ҳуқуқӣ ва олии идоракунӣ, соли 2002 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2017 факултети №1-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳайати роҳбарикунандаро хатм намудааст.
Хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ: аз соли 1997.
Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин фаъолияти худро дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ аз вазифаи ваколатдори калони оперативии Шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон  оғоз намуда, дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаҳои зерин фаъолият намудааст: сардори бахши мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии РВКД дар вилояти Хатлон, муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон оид ба корҳои оперативӣ, сардори бахши мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунии Хадамоти муҳоҷирати ВКД дар вилояти Хатлон, муовини сардори Шуъба - ӯ низ сардори шуъбача оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи ВКД дар нақлиётбудаи вилояти Хатлони Раёсати ВКД дар нақлиёт, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Файзобод, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, сардори Шуъбаи №1 Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд.  
Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин аз 22-юми апрели соли 2025  ба вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, ба халқу Ватан содиқона хизмат намуда истодааст.
Зимни фаъолияти хизматӣ барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ бо як қатор медалу нишонҳои сарисинагӣ, Ифтихорномаю Сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ мукофотонида шудааст.
Ҳамчунин, соли 2023 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ - медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст. 

03.07.2024 12:28
1 386