Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани якчанд садамаи нақлиётии марговар

8-уми майи соли 2025, тахминан соати 05:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Туксон», Ғайратзода Парвиз, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Хуҷанд, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷ.Расулов дар роҳи мошингарди «Душанбе-Хуҷанд-Ҷаноқ» ҳаракат карда ба самти муқобили роҳ баромада, ба қисми пеши автомашинаи тамғаи «ДЭУ Лабо», таҳти идораи Холматов Тоҳирҷон Иномович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст. 
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “ДЭУ Лабо”, Холматов  Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи «Хундай Туксон», Ғайратзода П. ва мусофири автомашинаи мазкур Умаров Хуршедҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
13-уми майи соли 2025, тахминан соатҳои 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Пулатов Муминҷон Тоирҷонович, соли таваллудаш 2004, сокини ноҳияи Кӯшониён ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дучарха таҳти идораи Қобилов Фарҳод Худойбердиевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Хуросон, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи дучарха бо ҳамроҳии писараш Қобилов Ҳамза Фарҳодович, соли таваллудаш 2007 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда шудаанд. 
Баъдан Қобилов Ф.Х. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
14-уми майи соли 2025, тахминан соати 06:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер», Довутқулов Назирқул Маматқулович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми дар роҳи мошингарди деҳаи Хуҷамбердиеви ноҳияи Ашт ҳаракат карданаш харсавор Камолов Турсунбой, соли таваллудаш 1946, сокини ноҳияи Аштро, ки аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ мегузашт, ба қисмати пеши автомашинааш пахш намудааст, ки дар натиҷа Камолов Т. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

15.05.2025 8:29
79