Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани азонихудкунии маблағи қувваи барқ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷойи кораш назоратчии шуъбаи фурӯши “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳияи мазкур бо гумони  азонихудкунӣ ё исрофкорӣ дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда дар давоми фаъолияти кориаш аз моҳи марти соли 2024 то моҳи марти соли 2025 бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш 12 ҳазору 948 сомонӣ ҳаққи истифодаи қувваи барқро аз 13 нафар муштариёни маишии минтақаи вобастагардидаи кӯчаи А.Синои ҷамоати шаҳраки Сомониёни ҳамин ноҳия ғайриқонунӣ тариқи нақдӣ ҷамъоварӣ намуда, ин маблағҳоро ба суратҳисоби шахсии муштариёни “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и ноҳия нагузаронида, азонихуд намуда, ба корхонаи мазкур зарари ҷиддӣ расонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

15.05.2025 8:27
277