Марди 54-сола даст ба авбошӣ зад
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза марди 34-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми майи соли 2025, тахминан соати 18:00, дар кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе марди 54-солаи сокини пойтахт аз ҳиссиёти авбошӣ бо ӯ муноқиша намуда, бо корд як маротиба ба қафаси синааш зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.