Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани марди 29-сола барои ба худкушӣ расонидани ҳамсараш

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи А.Ҷомӣ бо гумони ба худкушӣ расонидан дастгир карда шуд. 
Гумонбаршаванда, соли 2019 бо ҷавонзани 26-солаи сокини ноҳияи Ёвон оиладор шуда, дар давоми зиндагиашон бо ҷабрдида ҷангу ҷанҷол намуда, нисбаташ дар ҳузури хешу табор дашномҳои қабеҳи ғайриинсонӣ карда, мунтазам шаъну шарафи ҷабрдидаро паст задааст.
15-уми апрели соли 2025, дар хонаашон бо ҳар баҳона ӯро дашномҳои қабеҳ намуда, мавриди лату кӯб қарор додааст.
Ҷабрдида аз ин ҳолат хаста шуда, бо мақсади худкушӣ худи ҳамон рӯз маҳлули сирко истеъмол намудааст, ки аз ин ҳодиса хешовандонаш хабар ёфта ҷабрдидадаро сари вақт ба беморхона бурда аз марг наҷот додаанд.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

15.05.2025 8:19
58