Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сарбоз Ризоев Шодмон соҳиби Шоҳҷоиза гардид!  

9-уми майи соли 2025 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик мусобиқаи гӯштини миллӣ бахшида Рӯзи ҷавонон бо иштироки паҳлавонони номдори кишвар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.
Бояд қайд кард, ки дар ин мусобиқа намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ аз худ маҳорати баланди гӯштингирӣ нишон дода, дар қисмати зиёди сабқатҳо бар ҳарифони худ дастболо гардиданд.
Аз ҷумла, дар сабқати гирифтани Шоҳҷоиза миёни паҳлавонон рақобатҳо сурат гирифта, сарбози Баталиони фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаторӣ Ризоев Шодмон Амируллоевич аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо як чусту чолокӣ моҳирона бар рақибони худ ғолиб омада, соҳиби Шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав гардид.
Сарбози қаторӣ Шодмон Ризоев тавре дар суҳбат бо мо иброз дошт, тӯли 7 моҳ мешавад, ки дар Баталиони фаврии таъиноти махсус хизмати ҳарбии худро содиқона пеш бурда истода, дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, бо як қатор медалу Ифтихорномаҳо сазовор гардидааст.
Мавриди қайд аст, ки мусобиқаи мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.
Гӯштини тарзи озод, яке аз маъмултарин навъи варзиш буда, дар баробари варзишгарони номиву қаҳрамонони ин риштаи варзиш, ҳамзамон мухлисону ҳаводорони зиёде дорад.
Гул Маҳбуба

13.05.2025 16:39
5